Тоҷикӣ | Русский | English  

Маълумоти мухтасар оид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Асоси таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 се принсипи асосии рушди оянда: (1) боздоранда (пешгирии осебпазирии рушди оянда), (2) саноатикунонӣ (баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ) ва (3) инноватсионӣ (рушд дар асоси навовариҳо дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар) ташкил менамоянд.

Ҳадафи олии рушди дарозмуддати кишвар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар навбати худ ҳадафҳои рушди стратегии зеринро муайян менамояд:

таъмини амнияти энергетикӣ;

рушди имкониятҳои коммуникатсионии кишвар;

таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо;

тавсеаи шуғли фарогири пурмаҳсул.

Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур се вазифаи асосӣ гузошта шудааст, ки ҳалли онҳо дар шароити кунунӣ хеле зарур мебошад:

- якум, расидан ба сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии баробар ба сатҳи кишварҳои тараққиёташон миёна бо дараҷаи миёнаи даромад муқоисашаванда;

- дуюм, таъмин намудани рушди устувор тариқи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;

- сеюм,  тавсеа ва таҳкими мавқеи табақаи миёна.

Дар ин замина, барои ноил гардидан ба ҳадафи аввал зарур аст, ки:

 суръати устувори афзоиши иқтисодиёт дар сатҳи 7-8% нигоҳ дошта шавад;

ҳаҷми ММД-и кишвар ба 3 ва беш аз он маротиба афзоиш ёбад;

нишондиҳандаи ММД ба сари аҳолӣ на кам аз 2,5 маротиба афзоиш ёбад;

нишондиҳандаи сатҳи умумии камбизоатӣ 2 маротиба коҳиш дода шуда, нишондиҳандаи камбизоатии шадид рафъ карда шавад;

хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам зиёд карда шавад.

Баҳри расидан ба вазифаи дуюм зарур аст, то:

суръати нисбатан баланди рушди саноат ва зиёд намудани ҳиссаи он дар сохтори ММД-и кишвар таъмин карда шавад;

самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо назардошти ғизои комил баланд бардошта шавад;

афзоиши босуръати хизматрасониҳои дараҷаи нисбатан мураккаб (хизматрасониҳои илмию технологӣ) таъмин карда шавад;

баланд бардоштани диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ (паст намудани нишондиҳандаи содироти се маҳсулоти асосӣ аз 83 % то 58 %);

сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ баланд бардошта шавад.

Дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зерин барои то соли 2030 аз рўи рейтинги «Пешбурди бизнес» ҷои 60-умро ишғол намудан, имконият фароҳам меоварад (ҳоло, мавқеи 132 миёни 189 кишвари ҷаҳон).

Барои ҳалли вазифаи сеюм бояд ҳиссаи табақаи миёна дар соли 2030 то 50% зиёд карда шавад. Тадбирҳои калидӣ дар доираи ин ҳадаф чунин мебошанд:

мусоидат барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ, алалхусус аҳолии деҳот, ҷавонон ва занҳо;

фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин бо ҷои кори сазовор, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаи шуғли аҳолӣ миёни табақаҳои осебпазир;

коҳиш додани сатҳи нобаробарӣ дар ҷомеа.

Бо дарназардошти раванди татбиқи се ҳадафи асосӣ, 3 сенарияи рушд пешбинӣ шудааст: 1. инерсионӣ, 2. индустриалӣ ва 3. индустриалӣ-инноватсионӣ.

Бояд тазаккур дод, ки СМР-2030 аз се марҳилаи панҷсолаи рушд иборат мебошад: (1) гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020); (2) рушди босуръати иҷтисодиёт бо мақсади ҷалби сармоя (солҳои 2021-2025) ва (3) тадриҷан ба анҷом расонидани индустриализатсия тавассути тақвияти зарфият, алалхусус рушди илм ва навоварӣ (солҳои 2026-2030).

Марҳилаи якум ба рушди соҳаи саноатӣ асос меёбад. Дар асоси ин модел афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия мушоҳида хоҳад гардид.

Дар доираи марҳилаи дуюми рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷоннок хоҳад шуд. Дар марҳилаи мазкур стратегияи амнияти энергетикиро, ки ҳадафи асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ мебошад, татбиқ намудан зарур аст. Илова бар ин, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расида, масъалаи раҳоӣ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти роҳи оҳан ҳаллу фасл мегардад.   

Дар марҳилаи сеюм бошад илм, технология ва навоварӣ рушд меёбанд. Ин иқдом ҷорӣ намудани технологияи муосирро бо мақсади мусоидат ба афзоиши сармояи инсонӣ ба роҳ мемонад.  

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj