Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти сармояҳои азими фарҳангӣ ва таърихии худ, ба марҳилаи нави рушд ворид гашт. Муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо созмонхои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаккул ёфтанд.

6 апрели соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шомил шуд. Худи ҳамон сол дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис ёфт. Комиссияи миллӣ дар татбиқ намудани ҳадафхои Созмон саҳми арзанда дошта, ба сифати мақоми ҳамоҳангсоз фаъолият менамояд.

Аз лаҳзаи шомил шудан ба Созмони мазкур, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО самаранок вусъат ёфта, самтҳои наву созандаро фаро гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурсамар бо ЮНЕСКО диққати хосса зоҳир менамояд.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 33-юмин Конфронси Умумии ЮНЕСКО дар Париж дар равобити байни Тоҷикистону ЮНЕСКО саҳифаи тозаро боз намуда, ба ҳамкорихои судманди ҷонибхо такони нав бахшид. Илова бар ин, дар доираи конфронси мазкур Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО гузаронида шуданд.   

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ЮНЕСКО буда, лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф таҳияву пешбарӣ менамояд ва дар ҳифзу тарғиб намудани мероси фарҳангӣ ва табиии умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад.
Яке аз аввалин  ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд, ин шаҳри Саразм мебошад (дар 34-умин иҷлосияи Кумитаи мероси умумичахонӣ, 31 июли соли 2010).

Яке аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳо бо Созмон дар самти илм, ин таъсис додани Кумита оид ба биоэтикаи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Биоэтика яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани коршиносон тавассути ташкил намудани барномаҳои гуногун мусоидат менамояд.

Моҳи июни соли 2003 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши зан дар муколамаи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар конфронс қарор қабул шуд, ки дар назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО доир ба муколамаи фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир таъсис дода шавад.

11 ноябри соли 2003 “Шашмақом”-мусиқии қадими классикии тоҷикӣ аз чониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф карда шуд. Ҳамасола дар Тоҷикистон 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2004 шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и ЮНЕСКО сазовор дониста шуд.
17 сентябри соли 2008 Амрӣ Аминов, ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, бо унвони “Наққош барои сулҳ”-и ЮНЕСКО сарфароз гардонида шуд.

Дар 37-умин иҷлосияи Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, ки рӯзҳои 16-26 июни соли 2013 дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа, шаҳри Пномпен баргузор гардид, Боғи Миллии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Рузҳои 20-22 августи соли 2013 Директори кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин сафар, хонум Бокова бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ анҷом дод. Зимни мулоқот, хонум Бокова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор нишони сарисинагии ”60-умин солгарди ЮНЕСКО”-ро супорид. Инчунин, Директори кулли ЮНЕСКО дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ширкат варзида, суханронӣ намуд.

Моҳи марти соли 2015 Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо 11 кишвари дигари ҳавзаи Наврӯз (Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Ироқ) пешниҳод намуд, ки ин ҷашнвора ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Дар 11-умин иҷлосияи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО, ки 1 декабри соли 2016 дар шаҳри Адис Аббеба баргузор гардид, иди Наврӯз ва таоми миллии тоҷикӣ “Оши палав” ба рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуданд.

Инчунин, Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар чаҳорчӯбаи Барномаи иштироки ин созмон фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Барномаи мазкур бо мақсади вусъат бахшидан ва тақвияти зарфиятҳои кишварҳои аъзо тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун роҳандозӣ шудааст. Вобаста ба ин, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар чаҳорчӯбаи барномаи мазкур, дар давоми солҳои 1993-2017 лоиҳаҳои мухталифро дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг пешниҳод намудааст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj