Тоҷикӣ | Русский | English  

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN)

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (ТОР) дар Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1992 оғоз намуда, дар самтҳои гуногуни рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда истодааст.

ТОР лоиҳаҳои зиёди байнисарҳадиро роҳандозӣ намуда, баҳри мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Дар ин самт ТОР дар сохтмони чор пули миёни сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак расонида, дар соҳаҳои тандурустию маориф ва сармоягузорӣ низ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Яке аз иқдомоти охирини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор дар соҳаи маориф, аз ҷумла таъсиси Мактаби маълумоти касбии олӣ ва рушди синни томактабии кӯдак, инчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии ташхис дар Беморхонаи марказии Хоруғ, маблағгузориҳои сершумори соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва фарҳанг ба шумор мераванд.

Ҳоло, ТОР дорои ҳайати кормандони соҳибтаҷриба буда, тавассути ҳашт сохтор ва оҷонсиҳои фаръии худ, аз ҷумла ширкати Помир Энерҷи, Т-cell ва ғ. идомаи фаъолият дорад.

Ҷиҳати боз ҳам тавсеа додани ҳамкории Ташкилот бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 сафари шоҳдухтар Заҳро Оғохон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Шоҳдухтар Заҳро Оғохон дар ТОР ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоӣ машғул буда, зимни сафар мулоқоти судманд бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

17/09/2018

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj