Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ)

КБСС намояндагии худро моҳи январи соли 1993 дар Душанбе кушодааст. 14-уми июли соли 2003 созишнома оиди Вазъияти намояндагии КБСС миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КБСС ба имзо расид.

Аз замони аввали фаъолияти худ дар Тоҷикистон КБСС кори хешро бештар ба ҳал намудани мушкилиҳои башардӯстонае, ки мутаалиқ ба низои дохилӣ ва ёрӣ ба зарадидагони низоъ аст, равона кардааст.

Имрӯзҳо КБСС мувофиқи мандат ва афзалиятҳои асосии башардӯстона, ба мисоли ҳалли мушкилиҳои башардӯстона, ки мероси гузашта аст (минаҳои гумшуда), тайёр ва омода будан ба ҳолатҳои фавқулода ва интишори дониш оиди ҳуқуқи башар ва принсипҳои он дар тамоми минтақаҳои кишвар барномаҳои мухталифро амалӣ месозад.

Сентябри соли 2013 бо розигии Ҳукумати ҶТ дар Душанбе идораи КБСС барои дастгирии фаолияти башардӯстона дар Афғонистон кушода шуд.

Ташкилот бо Маркази миллӣ оид ба масъалаҳои минаи ҶТ ҳамкорӣ мекунад. Барои ёрӣ расонидан ба зарардидагон аз мина дар Тоҷикистон, КБСС соли 2012 барномаеро таҳти унвони “Иқдомҳои микроиқтисодӣ” пешбарӣ намуд. Ташкилот грантҳо барои оилаҳои зарардида аз мина, ки хоҳиши ташкил ва рушди тиҷорати хурди оилавиро доранд, ҷудо намуд.

Соли 2010 КБСС ба кормандони тиббии водии Рашт ва ВМКБ барои тақвият бахшидани омодасозӣ ба ҳолатҳои фавқулода ёрӣ расонид. Ба ғайр аз ин КБСС як қатор семинарҳои махсус барои духтурони таҷрибаомӯз ва курсҳои “Амалиёти таъҷилии тиббӣ ба захмҳои калон”-ро барои табибон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор менамояд.

Ҳамчунин, КБСС ба шахсони маъюб барои доштани зиндагии хуб ёрӣ мерасонад. Дар ҳоли ҳозир Хазинаи махсуси маъюбони MoveAbility КБСС ёрии техникӣ, машваратӣ ва молиро барои омӯзиш расонида, марказҳои ортопедикии ш.Душанбе ва ш.Хуҷандро бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудааст.

КБСС дар мушкилоти шахсони гумшуда дар кишварҳои мухталиф, ба вижа дар Тоҷикистон кор мебарад.

КБСС ба Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баргузории тадқиқот мувофиқи қонунгузории миллӣ, меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи шахсони гумшуда ва оилаҳои онҳо тааллуқ дорад, мусоидат намудааст.

Барқарор намудани дастрасии оилавӣ миёни одамоне, ки аз озодӣ маҳруманд ва хешовандони онҳо, яке аз намудҳои анъанавии фаъолияти КБСС мебошад, ки дар аксари кишварҳои олам амалӣ мегардад.

КБСС барои паҳн намудани дониш дар бораи Ҳуқуқи байналмилалии башардустона (ҲББ) ва дигар меъёрҳои башардӯстона миёни ҳукуматҳо, қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба вижа донишгоҳҳо кӯмак мекунад. КБСС ба таври муназзам чорабиниҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ оид ба ҲББ барои шахсони ҳукуматӣ бо мақсади ривоҷ додани ҳолати татбиқи ҲББ дар сатҳи миллӣ ташкил мекунад.

КБСС ба ҶҲАТ барои рушди имкониятҳои таъмини ёрдамҳои башардӯстона дар ҳолатҳои фавқулода кӯмак мекунад, аҳолии мавзеъро оиди хатари мина ва таҷҳизотҳои натаркида хабардор мекунад, дониш дар бораи ҲББ ва принсипҳои асосии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро паҳн менамояд, ба шахсоне, ки аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд, барои дастрасӣ пайдо кардан ва мубодилаи ахбор кӯмак мекунад. Барномаи омодасозӣ ба ҳолатҳои фавқулода аз он иборат аст, ки имконияти шуъбаҳои алоҳидаи ҶҲАТ, ки дар навоҳии зарардида аз ҳолати фавқулода воқеъ аст, тавассути баргузор намудани давраҳои омӯзишии махсус оид ба ёрии аввалин, қоидаҳои дастрасии бехатарӣ ва равишҳои гузаронидани баҳогузорӣ дар зерсохторҳои онҳо фарохтар карда шавад.


 17/09/2018

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj