Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ

Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши муассир дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 1 декабри соли 1992 аъзои он Созмон гардид. Тоҷикистон соли 2007 аъзои Иттиҳоди парлумонии СҲИ гардид. Низомномаи нави СҲИ аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 тасдиқ гардид.    

Дар доираи Созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои он бо мақсади расидан ба ҳадафҳои умда, аз қабили таҳкими хамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзо, рафъи тамоми шаклҳои табъиз, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод ва ҳифз намудани ҷойҳои муқаддас, кӯмак барои барқарор кардани ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми Фаластин, дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои ҳифзи шаъну шарафи хеш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои аъзо ва дигар давлатҳо ҳамкорӣ намуда истодааст.

Дар ҳошияи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин Созмон чорабинӣ ва иқдомҳои зерин роҳандозӣ шуданд:

дар сатҳи умумимиллӣ баргузор намудани ҷашнвораҳои абармардони фарҳанги исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абўҳомид Муҳаммади Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ;

эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кўлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшону Мӯминобод;

тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом;
соли бузургдошти Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит;

ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

баргузории 37-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ (18-20 майи соли 2010).

Тоҷикистон дар таҳкими нақши ин Созмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор монда, баҳри тавсеаи ҳамкориҳои густурда миёни кишварҳои аъзо кӯшиш хоҳад намуд.

17/09/2018

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj