Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА аз соли 1994 бевосита оғоз ёфт.

Ташабусси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шомил гардидан ба САҲА, ин ба вуҷуд омадани зарурати истифодаи таҷриба, захираҳои Созмон, демократикунонии ҷомеа, нигоҳдорӣ ва таҳкими амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин эҷоди унсурҳои калидии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон, ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Соли 1999 зимни сафари раиси САҲА Вазири корҳои хориҷии Норвегия Кнут Валленбаек миёни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмон Ёддошти тафоҳум, инчунин як қатор лоиҳаҳо вобаста ба таъсис додани ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Дар давраи баъди низоъ ва пойдор гардидани сулҳ дар кишвар ваколат ва авлавияти  Миссияи САҲА дар Тоҷикистон арзиши дигар пайдо намуд. Мушкилиҳои дигар ба вуҷуд омаданд, ки он асосан ба ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии фаъолияти САҲА нигаронида шуда буданд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Шӯрои доимӣ аз 31 октябри соли 2002, №500 Миссияи САҲА ба Маркази САҲА дар шаҳри Душанбе тағйир дода шуда, он бо мандати васеъ тасдиқ карда шуд.

Пас аз ба вазъи муътадил баргаштани кишвар раванди бознигарӣ ва бозбинии ваколати Марказ ба вуҷуд омад. Дар ин робита, дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобила пешнависи лоиҳаи қарори Шӯрои доимии САҲА омода гардид, ки он 19 июни соли 2008 қабул шуд. Тибқи қарори мазкур Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард. Моҳи июни соли 2011 зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Вена, миёни Ҳукумати кишвар ва САҲА оид ба вазъи минбаъдаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ёддошти тафоҳум бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар асоси се ченаки муайяншуда: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонӣ лоиҳаҳои гуногун амалӣ мекунад. Дафтар барои татбиқи лоиҳаҳо барои ҳавасмандгардонии муколамаҳои босамар миёни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мусоидат карда истодааст.

Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими сарҳад ва ҳифзи он, тақвият додани малакаи сарҳадбонон дода мешавад, ки дар ин самт лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла дастгирии техникиву молиявӣ амалӣ карда шудаанд.

Оғоз аз соли 2000 нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Дар доираи ин барнома, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун нозирон дар интихоботи парлумонӣ ва маҳаллии давлатҳои ширкаткунандаи САҲА иштирок мекунанд.

Дар яке аз ҷаласаҳои  Шӯрои доимии САҲА (3 апрели соли 2003) бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори №537 дар бораи ба Афғонистон додани мақоми шарик барои ҳамкорӣ бо САҲА қабул гардид.

Бояд қайд намуд, ки соли 2016 зарурати бозбинии будубоши Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои минбаъда бо Созмон пеш омад. Ин пешниҳод аз ҷониби Раёсати амалкунандаи САҲА (Австрия) ва кишварҳои ширкаткунанда пазируфта шуд. Дар натиҷа рӯзи 1 июни соли 2017 зимни ҷаласаи 1148-уми Шӯрои доимии САҲА қарор таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон мандати нави Дафтар қабул гардид. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе таъғйири ном кард. Аз оғози фаъолияти намояндагии САҲА тибқи мандати нав дафтарҳои саҳроӣ (Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Рашт, Шаҳритуз) баста шуданд.

Айни ҳол, ҳамкорӣ бо САҲА бо дарназардошти дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ ва поксозии башардӯстонаи минаҳо дар сатҳи лозима қарор дорад.
   

17/09/2018

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj