Тоҷикӣ | Русский | English  

Ташрифи Сафири Тоҷикистон ба Донишгоҳи Сока

29 августи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ аз Донишгоҳи Сока, ки яке аз донишгоҳи калонтарин дар Япония ба ҳисоб меравад, ташриф овард.

Зимни вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ ҷаноби Ёшиҳиса Баба роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои нав, имконияти татбиқи барномаҳои байналмилалии мубодилавӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, инчунин ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷуёни кишварамон муҳокима гардид.

Пешниҳодҳои ҷолиб барои таҳкими робитаҳо дар самтҳои нав, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ-таълимӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.

Доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои нав, ҷумла ташкили чорабиниҳои муштараки илмӣ-таълимӣ ва фарҳангӣ таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид. Татбиқи чунин ташаббус барои таҳкими муносибот ва муттаҳид намудани ҷавонони ҳарду кишвар ва дар зимн рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония равона шудааст. Ин махсусан дар доираи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим мебошад.

Сафири Тоҷикистон дар рафти сафари худ ҳамчунин аз китобхонаи илмӣ ва осорхонаи таърихии Донишгоҳи Сока ва шаҳраки донишгоҳ дидан намуда, бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва маъмурияти донишгоҳ мулоқот намуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj