Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иштирок дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ширкати куҳкории Зиҷин ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. То имрӯз истеҳсоли тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 фисади онро мутахассисони маҳалӣ ташкил медиҳанд.

Тибқи нақшаҳои оянда ширкат ният дорад, ки дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолии коркарди мис бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир бунёд намояд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои кормандони корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj