Тоҷикӣ | Русский | English  

Истиқрори ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон - Сорбонна

Дар шаҳри Париж маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон - Сорбонна баргузор гашт. Санадро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҳомидҷон Назаров ва Президенти Донишгоҳи Париж 1 Пантеон - Сорбонна ҷаноби Ҷорҷ Ҳаддад ба имзо расониданд. Ёддошти тафоҳум ҳамкориҳоро дар байни ду кишвари дӯст дар соҳаи маориф ва таҳқиқот, аз ҷумла тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар риштаҳои идора, сайёҳи ва ҷуғрофия таъмин хоҳад кард.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj