Тоҷикӣ | Русский | English  

10-умин Муколамаи зеҳнии “Осиёи Марказӣ ва Япония”

31 августи соли 2017 дар ш. Токио дар Вазорати корҳои хориҷии Япония бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва донишмандон ва олимони шинохта Муколамаи зеҳнии “Осиёи Марказӣ ва Япония” - 10-умин Муколамаи Токио баргузор гардид.

Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Манабу Хории бо сухани табрикотӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония табрик гуфт.

Профессори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои глобалии Мейҷӣ – собиқ вазири корҳои хориҷии Япония хонум Ёрико Кавагучи, ки оғозгари Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Япония” дониста мешавад, дар бораи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония тӯли чоряк асри гузашта маърӯза намуд.

Олими машҳури амрикоӣ профессор Фредерик Старр – роҳбари Донишкадаи омӯзиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шӯрои сиёсати хориҷии Амрико зимни суханронӣ дар бораи таърихи 2000-солаи муносибатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ ва робитаҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Япония тавассути Роҳи бузурги абрешим ба таври муфассал баромад намуд.

Намояндагони кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” доир ба мавзӯи асосии рӯзнома чорабинӣ: “Баррасии муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар марҳилаи кунунӣ ва оянда” маърӯза намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он чорабинӣ Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Ғуломҷон Ҷӯра муаррифӣ кард.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj