Тоҷикӣ | Русский | English  

Табрики Миср ба Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлол

Ба муносибати ҷашни миллии кишвари мо, субҳи 10 сентбяри 2017 Дабири Дафтари Раёсати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Мухтор аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира боздид намуд.

Муҳаммад Мухтор ба намояндагӣ аз Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик арз намуда, ба кишвари мо ва мардуми он сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бештар орзу кард.

Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ бо арзи сипоси фаровон аз табрики мазкур, аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои байни ду кишвар изҳори хушнудӣ намуда, ба Миср ва мардуми он орзуи амну субот ва рафоҳу ободӣ кард.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj