Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими супоридани нусхаи эътимодномаҳо аз ҷониби Сафири Олмон

3 октябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба Найтхарт Хёфер-Виссинг дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj