Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи CASA-1000 дар ш. Дубай

1 октябри соли 2017 дар ш. Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайати тоҷикистониро Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, зимни суханронии хеш намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳаро барои таъмини  ҳарчӣ зудтар оғози татбиқи тиҷоратии  Лоиҳаи CASA-1000 даъват кард ӯ инчунин таъкид кард,  ки зимни вохӯрии Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барпо гардид, Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо  ба хулосае расиданд, ки   марҳилаи оғози  Лоиҳа  ҳарчӣ зудтар сурат гирад.

Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000  ҳамчунин санади  тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj