Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj