Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Россия

5 октябри соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами  байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро иброз дошт.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия мебошад, сурат гирифт.






© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj