Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонии Президент бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

5 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик намуд.

Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев вобаста ба фаъолияти пурсамари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ӯро дар рушди кишвар ва афзоиши обрӯи байналмилалии он махсусан таъкид намуд.

Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми Нурсултон Назарбоев вобаста ба рушди муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар дар сатҳи ҳамёрии стратегӣ, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳамкориро фаро мегирад, баҳои баланд дод.

Сарони давлатҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Суҳбат дар фазои дӯстиву самимият доир гашт.  

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj