Тоҷикӣ | Русский | English  

Рӯзҳои дарҳои кушод дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин барои хонандагони мактабҳои шаҳри Пекин

6 октябри соли 2017 ба муносибати ҷашни Рӯзи забони давлатӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои хонандагони синфҳои поёнии мактабҳои шаҳри Пекин рӯзи дарҳои кушод ташкил намуд.

Дар рафти чорабинӣ ба меҳмонон маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ пешкаш гардида, дар бораи таъриху фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик, забони давлатӣ, мавзеъҳои ҷолиби диққати кишвар ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни Тоҷикистон ва Чин маълумот дода шуд.

Дар навбати худ хонандагони хурдсол хондани суруд ва иҷрои порчае аз санъати ҷангии чинии Кунг-фуро намоиш доданд.

Дар фарҷом ба мактаббачагон ва устодони онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj