Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон

6-уми октябри соли 2017 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Гасанов Закир доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоли марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ, бахусус дар самти таълимоти низомиро матраҳ намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сафари қарибулвуқуъи Вазири мудофиаи Озарбойҷон ба Тоҷикистонро, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj