Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо бародари Амири Давлати Қатар Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ

9 октябри соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ таъкид дошт, ки бо дастури бародараш Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омадааст, то ин ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба марги бармаҳали бародарашон - Нуриддин Раҳмон изҳори таъзия ва тасаллияти роҳбарияти давлат ва мардуми дӯсти Қатарро расонанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj