Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Вазири иқтисоди АМА

2 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Султон Саид ал Мансурӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва  сармоягузорию сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири иқтисоди АМА аз мӯҳтавои  мулоқоту сӯҳбатҳои дар сатҳи олӣ ва баланди дар ҳошияи Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон анҷомдодашуда, ки моҳи октябр дар Душанбе баргузор гардид, изҳорӣ қаноатмандӣ намуд.

Ҷонибиҳо зарурати тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузориву сайёҳӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро байни ду кишвар таъкид намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj