Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон

7 ноябри соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халаф Халафов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди динамикии муносибатҳои ду кишвар ёдовар шуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj