Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ

10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур таъкид гардид.

Атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj