Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили 25-умин солгарди иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миллӣ Меҷлиси (Парлумон) Ҷумҳурии Озарбойҷон

10 ноября соли 2017 дар бинои Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии махсуси сиёсии сатҳи баланд бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабини бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикситон ва дастгирии Кумита оид ба умури байналмилалӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ва гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон суратпазир гардид.

Аз ҷониби Тоҷикситон дар чорабинӣ Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев А. С ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикситон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ Муовини якуми Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзазаде, инчунин дигар вакилони Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ Сафирон ва намояндагони дипломатии муқими Озарбойҷон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон, доираи олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ, васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Озарбойҷон шикрат варзиданд.

Барандаи чорабинӣ Раиси Кумита оид ба умури байналмилалӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Самед Сеидов буд.   

Иштирокчиёни чорабинӣ иброз доштанд, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

 Таъкид гардид, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки ба мардуми тоҷик муяссар гардид, идомаи мантиқии ҷаласаи мазкур маҳсуб мешаванд. Ба вижа аз нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.   

Зимни ҷаласа махсусан таъкид гардид, ки дар ин санаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикситон, ҳамзамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон таҷлил мешавад, ки идомаи мантиқии санаи муҳими таърихи ба ҳисоб меравад.

Дар чаҳорчӯбӣ  чорабинӣ аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон, инчунин китобҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин барномаҳои созандае, ки таҳти роҳбарии ӯ барои рушди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум роҳандозӣ шуда истодаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.   

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj