Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон.

23 ноябри соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев суратпазир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Озарбойҷон мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи таълим ва бозомӯзии мутахассисон, инчунин ҷудо намудани квотаҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор қарор доданд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj