Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва

24 ноябри соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон, намояндагони фарҳанг ва ҳунар, шоирону нависандагон, олимон ва донишҷӯёни тоҷики макотиби олии шаҳри Москва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро кушода қайд намуд, қабули Парчами давлатӣ ки нишонаи соҳибистиқлолӣ инъикосгари таъриху фарҳанг, анъана ва суннатҳои куҳану аҷдодии халқи тоҷик мебошад, боиси тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар гардида, инчунин дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, барқарор намудани анъанаҳои давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид гардонидани мардуми Тоҷикистон хидмат мекунад.

Инчунин меҳмонони маъракаро бо ин рӯзи ҷашнӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ М. Ватанзода табрику таҳният гуфт.

Сипас, донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои мухталифи шаҳри Москва дар мавзӯи «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди ҳозирин назари хешро ироа намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj