Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Сенати Покистон, Раиси Кумитаи оид ба сохторҳои давлатии Сенати Ҷумҳурии исломии Покистон Муҳаммад Талҳа Маҳмуд

27 ноябри соли 2017 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Сенати Покистон, Раиси Кумитаи оид ба сохторҳои давлатии Сенати Ҷумҳурии исломии Покистон Муҳаммад Талҳа Маҳмуд ва ҳайати ҳамроҳи ӯ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва мавзӯъҳои дигари минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj