Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи муштараки назоратӣ

20-24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 37-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ оид ба татбиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар бораи таҳкими боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар сарҳад аз 26 апрели соли 1996 ва Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар бораи мутақобилан кам кардани қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳад аз 24 апрели соли 1997 доир гардид.

Дар доираи чорабинии мазкур чун анъана ҷаласаи Ҷониби Муштарак, ки Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, баргузор шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳар ду ҷаласаҳо фаъолона иштирок намуд ва ҳамчун раисикунанда дар Ҷониби Муштарак протоколҳои онҳоро ба имзо расонид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj