Тоҷикӣ | Русский | English  

Баррасии натиҷаҳои Форуми Душанбе дар Қоҳира

26 ноябри 2017 дар қароргоҳи Конуни пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии “Ҳивор” дар Қоҳира семинар дар мавзӯи “Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон. Натиҷаҳо ва дурнамо” бо иштироки коршиносон, пажӯҳишгарон ва рӯзноманигорони мисрӣ баргузор шуд.

Дар оғози маҳфил сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ дар бораи натиҷаҳои Форуми дувуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар Душанбе 16 октябри 2017 таҳти шиори “Ҳамкорӣ дар соҳаи рушд ва сармоягузорӣ” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва тиҷорат барпо шуд, суханронӣ намуда, ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагони маҳфил нуктаҳои асосии паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар он Форум эрод гардид, расонид. Дар ҳамоиш инчунин сафири Қазоқистон дар Миср Армон Исоғолиев ширкат ва суханронӣ кард.

Баъд аз суханронии сафирон ва муовини раиси Конуни “Ҳивор” д-р Муҳаммад Талъат, ки раёсати семинарро ба уҳда дошт, ширкаткунандагони ҳамоиш ба муҳокима ва мубодилаи афкор пиромуни масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар заминаҳои гуногун пардохта, пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро роҷеъ ба мавзӯъ баён намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj