Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)

29 ноябри соли 2017 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Маҳдӣ Мазоҳирӣ доир гардид.

Зимни мулоқот масоили равобити фарҳангӣ дар доираи Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), аз ҷумла баргузории барномаҳои бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг ва адибони Тоҷикистон, чопи китобу мақолаҳо дар маҷаллаҳои ин Созмон ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои гуногуни фарҳангӣ дар кишварҳои узви Муассисаи фарҳангии СҲИ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо оид ба густариши мубодилаи фарҳангӣ тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони санъати кишварҳои узв табодули афкор намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj