Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар ш.Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ баргузор гардид

27-29 ноябри соли 2017 дар ш.Москва ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ М.Ҳақдод роҳбарӣ кард.

Дар ҷаласаи мазкур ҳуҷҷатҳои ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои аъзои СҲШ, ки 30 ноябр - 1 декабри соли равон дар ш.Сочии Федератсияи Россия баргузор мегардад, баррасӣ ва мувофиқа гардиданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj