Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи “Дӯстони об”

30 ноябри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи “Дӯстони об” ширкат ва суханронӣ намуд.  

Зимни суханронӣ М. Маҳмадаминов роҷеъ ба раванди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба ҳозирин маълумот пешкаш кард.

Намояндаи доимӣ ҳамчунин аз пуштибонии қавии Дабири Кулли СММ ва нақши фаъоли Раиси Маҷмаи Умумии СММ дар раванди оғозёбии ташаббуси болозикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд.


© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj