Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.

Баррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъи расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳои миёни ду кишвар, ки дар заминаи усулҳои пойдори дӯстӣ, шарикӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд асос ёфта, дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангу маориф рушд мекунанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки рушди устувору мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, ҳам дар ҳошияи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба идома меёбад ва воқеан хусусиятҳои шарикии зичро касб кардаанд.

Сарони давлатҳо оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуда, зарурати таҳкими ҳамкориҳоро ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа, тақвияти минбаъдаи саъю талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзии терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карданд.

Ҷонибҳо ниёзмандӣ ба пешбурди ҳамкориҳои зичтарро дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, ки узви онҳо ҳастанд, таъкид намуданд. Ҷонибҳо аҳамияти Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои онро ба сифати василаи умумӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон арзёбӣ карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз мазмун ва сифати баланди пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати идомаи ҳамкориҳоро ҷиҳати такмилу тавсеаи минбаъдаи он зарур шумориданд.

Тарафҳо аҳамияти санадҳои зимни сафар баимзорасидаро, ки фарогири самтҳои васеи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистону Беларус мебошанд, таъкид карданд.

Роҳбарони ду давлат, бо ишора ба фаъол гардидани равобити байнипарламентӣ, аҳамияти рушди минбаъдаи онро қайд намуданд.

Бо назардошти таҷрибаи мусбати робитаҳои байниминтақавӣ дар сатҳи вилояту шаҳрҳо, сарони ду давлат зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф ва бо мазмуни нав гани гардонидан таъкид карданд.

Бо мақсади ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол, роҳбарони ду давлат зарурати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматиро оид ба масоили ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли нисбатан самараноки логистикӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои муштарак ва эҷод намудани шароити мусоид барои ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои хоҷагидорӣ иброз гардид. Дар баробари ин маҷмӯи саноати кишоварзӣ, мошинсозӣ, нақлиёту энергетика, саноати озуқа ва сабук ба сифати арсаҳои ояндадори ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян гардиданд.

Роҳбарони ду давлат тавсеаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таҳкими фазои иттилоотию фарҳангиро ба сифати шартҳои муҳим дар ҳифзу тақвияти муносибатҳои неки таърихии миёни мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд. Аз баргузории вохӯриҳои мунтазами доираҳои илмӣ, ходимони санъат ва адабу ҳунари Точикистону Беларус бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи амалияи баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дастгирии пайгиронаи рушди минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф изҳори омодагӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз натиҷаҳои мулоқот, ки дар фазои анъанавии дустӣ, эътимоди комил ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳар ду ҷониб бо мақсади идомаи муколамаи фаъоли сиёсӣ, инчунин баргузории мунтазами мулоқотҳои гуногунсатҳи дуҷониба ҷиҳати баррасию муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарму самимӣ миннатдории амиқи худро ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, ба ҳамаи мардуми Беларус баён намуда, аз Президенти Беларус ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал овард. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд. Муҳлати баргузории сафари расмӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.

Аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Белорус дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Академияи миллии Беларус;

- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj