Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар Палатаи савдо ва саноати шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби ин мамлакат мулоқоти судбахш анҷом доданд.

Ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз ҷумла доир ба сохтмони як корхонаи муштараки дорусозӣ, таъсиси донишкада ва ё факултаи байналмилалии тиббӣ бо сармоягузории хусусии Саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби табибони тоҷик ба ин мамлакат барои кори доимӣ, ба роҳ мондани амалиётҳои хайрияи ҷарроҳӣ барои беморони эҳтиёҷманди Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона тавофуқоти пешакӣ ҳосил шуд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон ҳамчунин аз яке аз бемористонҳои муосири шаҳри Ҷидда барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами пизишкони Саудӣ дидан карданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода барои иштирок дар ҷаласаи шашуми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор дорад.





© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj