Тоҷикӣ | Русский | English  

ОИД БА ВОХӮРИИ ГУРӮҲҲОИ КОРИИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ САРҲАДӢ

Санаҳои 8-9-уми январи соли 2018 дар ш.Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯри масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардид.

Санаи 10 январи соли 2018 вохӯрии гурӯҳи корӣ дар доираи ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов идома хоҳад ёфт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj