Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гашт

10 январи соли 2018 дар ш.Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гашт. Ҳайати Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистонро Сарвазири он кишвар Абдулло Орипов роҳбарӣ менамоянд.

Ба рӯзномаи ҷаласа баррасии ҷанбаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, масъалаҳои энергетикӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти ҳамдигар ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо ворид шудаанд.


© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj