Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

10 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Ҷаласаҳо зери роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, доир гардиданд.

Пеш аз ҷаласаҳои комиссияҳо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.
Дар раванди гуфтушунидҳои баргузоршуда, ҷонибҳо аҳамиятнокии рушди муносибатҳои ду давлати бародарро дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба таври возеҳ таҷассум намуданд.

Вохӯриҳо дар фазои созанда, ҳусни тафоҳуми комил ва эҳтироми тарафайн доир шуданд.

Дар ҳошияи ҷаласаҳо доираи васеи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии робитаҳои мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.

Ба масъалаҳои омодагӣ ба сафари давлатии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Мавзӯи амалкарди минбаъда ҷиҳати делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва ҳалли масоили марбут ба омадурафт ва будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, ба таври алоҳида матраҳ гардид.

Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои самараноки тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи тарҳҳои муштараки минтақавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро муайян намуданд.

Изҳори умедворӣ гардид, ки натиҷаҳои музокироти доиршуда омили муҳим дар таъмиқи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегарданд.

Оид ба натиҷаи ҷаласаи комиссияҳо протоколҳои дахлдор имзо гардиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj