Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

Рӯзи 12 январи соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Раиси Ҳайати мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов, муовинони Вазир, аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорат иштирок намуданд.

Ба баррасии Ҳайати мушовара ду мавзӯъ - фаъолияти Вазорат дар соли 2017 ва Нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2018 пешниҳод гардида буд. Аз рӯи мавзӯи якум муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва аз рӯи мавзӯи дуюм муовини Вазир Зоир Саидзода маърӯза карданд. Пас аз баррасии муфассал фаъолияти Вазорат дар соли 2017 қаноатманд  ҳисобида шуд.

Дар ҷаласа, инчунин Нақшаи фаъолияти Вазорат барои соли 2018 тасдиқ шуда, қарорҳои Ҳайати мушовара дар мавриди ду мавзӯи рӯзномаи ҷаласа пас аз муҳокимаву баррасӣ қабул гардиданд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои ҷорӣ, чанде аз иштирокдорон ба сухан баромада, пешниҳодҳои мушаххасе барои ислоҳи камбудиҳо ва тақвият бахшидани фаъолияти Вазорат ва умуман раванди татбиқи сиёсати хориҷӣ матраҳ намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Раиси Ҳайати мушовара С. Аслов таъкид гардид, ки соли 2018 барои сиёсати хориҷии кишварамон соли пурмасъулият ва дар айни ҳол соли иҷрои нақши муассир дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд. Дар ин сол ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2018” оғоз меёбад. Ин ба он маъност, ки ба муддати даҳ соли оянда кишвари мо ташаббускор ва пешбари тамоми талошҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи об хоҳад буд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар соли 2018 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар уҳда дошта, инчунин мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ”, ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ, ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония хоҳад буд.

Ба ин хотир, таъкид кард Раиси Ҳайати мушовара, ҳамаи мо бояд барои иҷрои нақши фаъол ва кори пурмасъулияту пурсамар дар соли 2018 ба хотири баланд бардоштани обрӯи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ омода бошем.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj