Тоҷикӣ | Русский | English  

Дар Пекин нишасти матбуотии Сафорати Тоҷикистон барои ВАО-и бонуфузи Чин баргузор гардид

16 январи соли 2018 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти матбуотӣ бахшида ба натиҷаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соли 2017 ва дурнамои рушди онҳо барои соли 2018 ва нуқтаҳои асосии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур ба хабарнигорон оид ба рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду давлат дар соли 2017 анҷомёфта ва дар соли 2018 банақшагирифташуда маълумот дода шуд. “Дар соли 2017 чун ҳамеша равобити кишварҳои мо дӯстона ва мутақобилан судманд дар рафти фаъолият батадриҷ тавсеа ефтанд” - тазаккур дод Сафири Тоҷикистон дар ҶМЧ Парвиз Давлатзода.

Қайд гардид, ки ҷонибҳо пайваста дар сатҳи олӣ ва баланд муколамаи пурмаҳсулро пеш мебаранд. Дар давоми соли 2017, ки 25–умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ буд, Пешвоёни муҳтарами Тоҷикистону Чин се вохӯрию музокироти пурмуҳтаворо дар шаҳрҳои Остона, Пекин ва Сямэн баргузор намуданд. Тавре Сафири Тоҷикистон иброз доштанд: “Соли гузашта Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин бо сафари давлатӣ ташриф оварданд ва дар Муколамаи БРИКС бо давлатҳо ва иқтисодҳои ру ба тараққӣ иштирок намуданд.

Дар ибтидои моҳи декабри соли 2017 дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Сочии Россия, вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми соли сипаришуда Сафорати Тоҷикистон дар Чин ба муносибати 25–солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони чинӣ як қатор чорабиниҳои илмӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва чорабиниҳо барои ҷавононро баргузор намуд. Табодули гурӯҳҳои эҷодӣ ва намоишҳои гуногун сурат гирифтанд. Миёни ҷонибҳо мубодилаи беш аз 40 ҳайати баландмақоми мухталиф анҷом ёфтанд.

Сафир изҳори боварӣ кард, ки тамоюли тавсиаи муносибатҳои созанда дар соли ҷорӣ боқӣ хоҳад монд. Ҳамин тавр моҳи июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар шаҳри Тсиндао баргузор мегардад, ба Чин ташриф хоҳанд овард. Инчунин тирамоҳи соли 2018 бо иштироки Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Ли Кэтсян дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад.

Сатҳи баланд ва боэътимоди равобити байнидавлатии Тоҷикистону Чинро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, Сафир қайд намуд, ки: “Мо барои рушду тақвият додани ин робитаҳо дар сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба ба нафъи мардумони ду кишвар ва ба хотири таъмини сулҳу субот дар минтақа қатъияти ҷиддӣ дорем. Ба ин раванд бешубҳа, афзоиш додани ҳамкории сиёсӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад намуд.”

Дар рафти нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода дар бораи натиҷаҳо ва дастовардҳои соли 2017 сухан гуфта, таваҷҷуҳи иштироккунандаони чорабиниро ба чунин суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд: “Маҳз ба туфайли фазои сулҳу суботи кишвар дар соли 2017 тамоми захираҳову имкониятҳои мо ба беҳтарсозии шароити зиндагии сокинони кишвар ва татбиқсозии як қатор ташаббусҳо дар ин самт равона шуда буд ва мо минбаъд низ ба таври пурмаҳсул идома додани ин равандро тасмим гирифтаем”.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар рафти ду соли охир “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” татбиқ мегардад, ки чораҳои авлавиятноки марҳилаи ибтидоии он дар “Барномаи рушди миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020” шомил гаштаанд ва нишондиҳандаҳои умумии рушди иқтисодӣ бомуваффақият татбиқ мегарданд. Дар соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор қарор дошта, суръати рушди иқтисоди воқеӣ ба 7 фоиз баробар шуд. Дар баробари ин рӯзноманигорон бо натиҷаҳо ва нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2017 ва нақшаву вазифаҳо барои соли 2018 шинос карда шуданд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд, ки барои ҳалли масъалаҳои ба об алоқаманд, Тоҷикистон бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои созанда дар арсаи байналхалқӣ ва минтақавӣ баромад намуд. Дар натиҷа, тибқи арзёбии байналмилалӣ, Тоҷикистон дар ҷаҳон дар давоми ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҳалли масъалаҳои об эътироф гардид.

Намояндагони васоити ахбори омма воқиф аз он карда шуданд, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи байналмилалии об,22 марти соли 2018 раванди татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028” оғоз мегардад ва рӯзҳои 20–22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ташаббуси зикргардида баргузор мешавад.

Дар рафти нишасти матбуотӣ ҳамчунин таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон зоҳир гардид. Аз ҷумла, қайд гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Ба намояндагони васоити ахбори омма дар бораи имтиёзҳо ва авлавиятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Дар доираи нишасти матбуотӣ иштироккунандаони чорабинӣ бо саҳифаи интернетии миллии сайёҳии www.traveltajikistan.tj, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст, шинос гардиданд. Қайд карда шуд, ки ин саҳифаи интернетӣ барои соҳибкорон ва сайёҳоне, ки мехоҳанд оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон маълумоти бештар дастрас намоянд, сарчашмаи бағоят бамаврид хоҳад буд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ Сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкории муфид изҳори минатдорӣ карда, онҳоро бо фарорасии иди Баҳор табрик гуфт ва ба онҳо муваффақиятҳои нави эчодӣ ва комебиҳои беназирро таманно намуд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj