Тоҷикӣ | Русский | English  

Супоридани Эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Беларус

16 январи соли 2018 маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус  Маҳмадшариф Ҳақдод ба Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко доир гардид.

Пас аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати кӯтоҳи ҷонибҳо сурат гирифт, ки зимни он таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, баҳри амалӣ намудани тавофуқоте, ки сарони ду давлат зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус, 1 декабри соли 2017 мавриди муҳокима қарор дода буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.







© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj