Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот дар Шӯрои Аврупо

Имрӯз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ҷ-би Де Кершов (EU Counter-Terrorism Coordinator Mr.Gilles de Kerchove) дар дафтараш дар Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ба Ҳамоҳангсози ИА оид ба мубориза бо терроризм даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар Конфронси баландпояи байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки 3-4 маи 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, супорид. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд.

Ҳамин гуна даъватномаҳо ба ниҳодҳои дигари воқеъ дар Брюссел – Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Комиссариати корҳои дохилӣ ва амният ва ғайра низ дастрас гардиданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj