Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорел Гутсу

3 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО)-и СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виорел Гутсуро бинобар ба итмом расидани муҳлати кориаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфт.  

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила, татбиқи лоиҳаҳо ва Барномаи нави ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФАО барои солҳои 2018-2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.

С. Аслов барои ҳамкории якҷояи пурсамар аз Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон сипозгузорӣ карда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори боварӣ намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj