Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти матбуотии Сафорат дар Кувайт

 4 марти соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо ҳузури хабарнигорони васоити ахбори омма ва ҳайати дипломатии кишвари иқомат нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар рафти нишасти мазкур таваҷҷуҳи ҳозирин ба комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ахир дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷалб гардида, роҷеъ ба иқтидори саёҳатӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва фазои сармоягузорӣ дар кишварамон ва инчунин ташаббусҳои Пешвои миллат, ки мавриди пуштибонии густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва дар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, маълумоти муфассал манзур карда шуд.

Дар робита ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» дар нишасти мазкур бар аҳамияти ин ташаббуси таърихӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, эҳёи ҳунару арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва майдони мусоиде, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби сармоягузорӣ дар арсаи сайёҳӣ, хидматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, афзоиши сайёҳон ба кишвар ва тақвияти равобити байнибашарӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон муҳайё месозад, таъкид гардид. Дар ин замина якчанд мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар ва лоиҳаҳои ҷолиби сармоягузорӣ дар арсаҳои саёҳат, сохтмони меҳмонхонаҳо ва  мавзеъҳои табобатӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар рафти нишаст ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, сатҳи кунунии робитаҳои Тоҷикистон бо Кувайт ва олами араб, аҳамияти баргузории Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар арсаҳои мухталиф маълумоти дахлдор пешниҳод карда шуд.

Дар поёни нишаст Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Зубайдов ба саволҳои сершумори хабарнигорон оид ба фазои иқтисодию сармоягузорӣ дар кишварамон, ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо, низоми андозбандӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва металҳои ранга, ҷойгоҳи Тоҷикистон ва сайрхатҳои саёҳатии кишвар дар ҳошияи «Шоҳроҳи Абрешим», низоми соддашудаи судури раводид ва дигар мавзӯҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир посух дод.

Натиҷаҳои нишасти матбуотии Сафорат дар ВАО-и кишвари иқомат ба таври густурда интишор шуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj