Тоҷикӣ | Русский | English  

Бунёди боғи Алишери Навоӣ дар шаҳри Душанбе

Муносибатҳои дӯстона ва равобити бародаронаи халқҳои тоҷику ӯзбек решаҳои хеле қадимӣ доранд ва бо муваффақият аз имтиҳони таърих гузаштаанд. Ин ду халқи куҳанбунёд, ки аз замонҳои хеле қадим дар як минтақаи муштараки ҷуғрофиёӣ зиндагӣ карда, таҷрибаи муштараки таърихи андухтаанд, тавассути риштаҳои мустаҳками дустию садоқат ва бародарӣ ба ҳам пайванд хурдаанд. Ин равобити дӯстона таййи садсолаҳо муҷиби ғановат ва рушду нумуи дастовардхои маънавӣ ва суннатхои фарҳангию адабии  ду халқи ба ҳам дӯст гардидаанд. 

Чунин собиқаро метавонем аз замони ҳамназариву иршоди муносибатҳои илмиву адабии ду нобиғаи адабиёт  мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мушоҳида кард. Ба хусус, пайвандҳои эҷодӣ  ва самимияту садоқати инсонии ин ду сутургмарди фарҳангу адаби замон буд, ки занҷираҳои дӯстиву рафоқат ва бародарии ду халқ ба ҳам иртиботи ногусастанӣ пайдо карданд ва ин силсила  то имрӯз дар миёни аҳли илму адаби ҳар ду кишвар ривоҷ меёбад.   

Бо ин, ки дар шаҳри Самарқанд пайкараи ин ду абармарди фарҳангу адаб бо фармони Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқарор мешавад, ҳамчунон дар шаҳри Душанбе бунёд гардидани  Боғе ва қадафрохтани пайкараи ҳар ду шоири ориф бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли некуст ва шоистаи истиқболи умум аст.

 Ибтикори наҷиби роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ростои таҳкими муносибатҳо ва вазъи кунунии он шоистаи таҳсин буда, бо дарназардошти воқеияти имрӯз барои тамоми кишварҳои минтақа намунаи ибрат  метавонад шуд.    
 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj