Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар ш.Боку

13 марти соли ҷорӣ дар ш.Боку Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Нақши парламент дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар масири Роҳи абрешим” баргузор гардид.

Конфронс аз ҷониби Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурӯҳи ҷонибдорони Роҳи абрешим ва Ассамблеяи Парлумонии САҲА, баргузор гардид ва дар он 22 кишвар иштирок намуданд.

Ҷониби Тоҷикстонро дар Конфронс вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назирӣ Гулбаҳор Назир муаррифӣ намуда, роҷеъ ба “Нақши Тоҷикистон дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим” суханронӣ кард.
Дар фароянди Конфронс Эъломияи Боку қабул гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj