Тоҷикӣ | Русский | English  

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония

5 апрели соли 2018 дар толори консертии Маркази маъмурии Минатои ш. Токио маросими бошукӯҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония ифтитоҳ гардид.

Барномаи консертӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ оғоз ёфта, зарурати ташкили чунин чорабиниҳо, ки ба мақсади густариши робитаҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар тавассути мубодилаи фарҳангӣ ва шиносоии мардуми кишвари иқомат бо мероси фарҳангиву маънавии халқи тоҷик доир карда мешаванд, таъкид гардад.

Дар саҳнаи толори консертӣ суруду оҳангҳои гуногунжанр ва  машҳури тоҷикӣ шунида шуд. Аҳли толор бо қарсакзаниҳои самимиву бардавом ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷик Сироҷиддин Ҷӯраев, Мадина Ақназарова ва Фирдавс Ҳошимовро пазируфтанд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар ростои ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли равон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо намоиши анъанаҳои миллии кишвар, буклету брошюраҳои иттилоотӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва суннатҳои наврӯзӣ ташкил карда шуд. Намоиш диққати шумораи зиёди аҳли тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Чорабинӣ бо ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими ҳалқи тоҷик баргузор гардид.

Чорабиниҳои вобаста ба Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония то 7 апрел идома меёбанд.

Рӯзҳои фарҳангии кишвар дар Япония аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти консертии “Мин-Он”, Маркази маъмурии Минато, роҳбарони ширкатҳои японии «Cockey Co. Ltd», «Asia Engineering Consultant Co., Ltd» ва ансамбли японии рақсии «Гулистон» ташкил карда шуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj