Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Япония

7 апрели соли 2018 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар Донишгоҳи Гакуини Тсукуба барномаи консертӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои шинохтаи тоҷику японӣ баргузор намуд.

Дар барномаи консертӣ намояндагони зиёиён ва аҳли илму маорифу профессорҳои донишгоҳҳои Токио ва Тсукуба, соҳибкорону аъзоёни ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Япония, кормандони васоити ахбори омма ва ҳамватанон даъват шудаанд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ иштирокчиёнро ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хеш эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Дар суханронии Сафир арзиш ва аҳаммияти таърихии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз - ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонгароӣ ва созандагиву ободгарӣ низ қайд карда шуд.

Ҳунарпешаҳои ҷавону боистеъдоди эстрадаи кишвар Сироҷиддин Ҷӯраев, Мадина Ақназарова ва Фирдавс Ҳошимов, инчунин ҳунармандони японӣ хонум Машу Комазакӣ ва ансамбли рақсии «Гулистон» бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.

Дар доираи консерт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо намоиши суннатҳои наврӯзӣ, анъанаҳои фарҳангиву миллии кишвар ва дастархони наврӯзӣ барои ҳамаи иштирокчиён ороста гардид.

Ҳамчунин, лозим ба зикр аст, ки 6 апрели соли 2018 дар доираи таҷлили Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония дар толори консертии Ҷамъияти консертии “Мин-Он” барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистону Япония, доираи васеи меҳмонон, аз ҷумла намояндагони сохторҳои давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Япония, зиёиён ва ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва дӯстони Тоҷикистон баргузор гардид.

Таҷлили Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Япония ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо таваҷҷуҳи хосса ва таассуроти мусбат аз ҷониби меҳмонон ва тамошобинон пазируфта шуданд. Бисёре аз меҳмонон ба мақсади аз наздик шинос шудан бо анъанаҳои бойу фарҳанги мардуми тоҷик азми сафар ба Тоҷикистон намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj