Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси миёнамуҳлати вазирони “Ҷунбиши адами тааҳҳуд”

Аз 5 то 6 апрели соли 2018 дар шаҳри Боку Конфронси миёнамуҳлати вазирони “Ҷунбиши адами тааҳҳуд” таҳти унвони “Таъмини сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ бо мақсади рушди устувор” баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони давлатҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои нозири Ҷунбиши адами тааҳҳуд, инчунин намояндагони давлатҳо ва созмонҳое, ки ба ҳайси меҳмонони махсус даъват шудаанд, дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар ширкат варзиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, Рустам Солӣ намояндагӣ кард.

Зимни суханронии хеш Р. Солӣ, қайд кард, ки ҷаҳони муосир мубталои хатарҳои зиёде барои амният ва муҳити зист шудааст, ки онҳо хавфи бузурге барои инсоният ва назми ҷаҳонӣ мебошанд ва ба онҳо вусъати терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва динӣ, ҷинояткории муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва инсон, инчунин як қатор мушкилоти экологӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва норасоии об шомиланд.Чунин шароит талаб менамояд, ки ҳамаи кишварҳо амалҳои қотеона ва уҳдадориҳои қатъиеро дар чаҳорчӯбӣ ҳамкориҳо ва ҳамгироии содагардонидашудаи минтақавӣ бар асоси низоми одилона, самарабахш ва мутақобилан судманди иқтисодӣ  рӯи даст гиранд.

Ҳамзамон, Сафир ба таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронс оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар ростои бунёди сулҳ ва барқарорсозии пас аз низоъ, ки омили муҳими пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад, маълумот дод. Дар ин замина, Сафир иброз намуд, ки Тоҷикистон бо мақсади табодули таҷрибаи хеш, дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва ИА тасмим гирифтааст, ки санаи 3-4 майи соли 2018 Конфронси байналмилалӣ  зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва тундгароии хушунатомез” дар ш. Душанбе доир намояд.

Сафир тамоми ширкаткунандагони ин чорабиниро, ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар конфронси мазкур даъват намуд.

Дар фарҷоми конфронс Эъломияи Боку қабул гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj