10 апрели соли 2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва фарҳангиву таърихӣ баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони вазоратҳои фарҳанг, илм ва маориф, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раисони Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, коршиносон, муаллифони номинатсияҳо ва ҷашнвораҳое, ки аз ҷониби ЮНЕСКО қабул гардидаанд, айни замон дар баррасии ин созмон қарор доранд ва дигар номинатсияҳои эҳтимолии барои солҳои оянда пешбинишуда, иштирок намуданд.