Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо роҳбарияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Япония ва Тоҷикистон

11 апрели соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ зимни боздид аз Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Парлумони Япония бо Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Япония ва Тоҷикистон ҷаноби Кэйҷи Фуруя, Муовини раиси Гурӯҳ - вакили Палатаи машваратчиёни Парлумони Япония ҷаноби Кэйзо Такемӣ ва Котиби масъули Гурӯҳи дӯстӣ ҷаноби Ёшиҳиса Фукукава вохӯрӣ  намуд.

Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни ду кишвар чандин сол ин ҷониб дар Парлумони Япония фаъолият дорад. Ҳайати нави Гурӯҳ дар оғози соли 2018 ташаккул ёфт. Сафири Тоҷикистон ҷаноби Кэйҷи Фуруяро ба муносибати интихоб шудан ба сифати Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ бо Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан муфид, роҳҳои таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ густариши муколамаи кунунӣ миёни ду кишварро таъкид намуда, зарурати таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, некӯаҳволии иҷтимоӣ ва сайёҳиро қайд намуданд.

Дар охир Сафири Тоҷикистон ба вакилони Гурӯҳи дӯстӣ, ки баҳри густариши равобит байни ду кишвар фаъолият менамоянд, муваффақият таманно намуда, даъват ба амал овард, ки аз Тоҷикистон боздид намоянд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj