Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони давлатҳои хориҷӣ

12 апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйин ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода баргузор гардид.

Нусхаҳои эътимодномаҳоро сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Куба Эмилио Певида Пупо супориданд.

Пас аз маросими эътимодномасупорӣ вохӯрии дуҷонибаи М. Ҳусейнзода бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

М. Ҳусейнзода сафиронро бинобар ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон барору комёбиҳо таманно кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj